- базм
- [بزم]зиёфате, ки ба муносибати ягон воқеаи хурсандибахш (тӯй ва ғ.) бо иштироки ҳофизон, раққосон ва созандагон ороста мешавад; маҷлиси айшу тараб; базм кардан (оростан) базм ташкил кардан◊ базми дойрагӣ базме, ки ба он ғайр аз одамони даъватӣ ҳар кас, ки садои дойраро шунавад, барои мусиқӣ шунидан омада метавонад; базми кунҷорагӣ базми бузург (дар Бухорои пештара); базми хонагӣ базме, ки барои доираи маҳдуд дар хонаи яке аз иштироккунандагони он ташкил мешавад; базми хоса базме, ки барои шахсони алоҳида ороста мешавад; маҳфили рақсу суруд, ки барои доираи танги ҳаводорон барпо мегардад; базми ҷамоатӣ базме, ки бо иштироки умум гузаронида мешавад; базми ҷамшедӣ базми бисёр пурдабдабаву бошукӯҳ
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.